- марказ
- [مرکز]а1. нуқтаи миёнаи доира, ки як пои паргор дар он устувор қарор гирифта, пои дигараш мегардад: маркази доира2. миёнаҷои ҳар чиз, васат, мобайн: маркази зилзила, маркази коинот, маркази чорраҳа, дар маркази даромадгоҳ3. маҳалле, ки идораҳои мақомоти роҳбарикунанда дар он ҷой гирифтаанд, маркази маъмурӣ: маркази вилоят, маркази ноҳия; маҷ. пойтахт4. ҷои умда ва асосии воқеъ шудан ва инкишофёфтаи чизе ё соҳае: маркази илм, маркази саноатӣ; маркази савдо а) шаҳру ноҳия ва умуман минтақае, ки дар он савдову тиҷорат инкишоф ёфтааст; б) нав. мағозаи калон, фурӯшгоҳ5. нав. номи муассисаҳои махсуси начандон калони таҳқиқотӣ ё корхонаҳои дигар: маркази тадқиқи обу ҳаво, маркази ҳисоббарӣ; дар маркази диққат будан (ё истодан) мавриди таваҷҷӯҳи хос қарор гирифтан; аҳамияти зиёд додани касе ба касе ё чизе
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.